Марг ногаҳон ба вуҷуд меояд. Барои наздикон ин аз ҳама мусибати вазнинтарин аст. Агар фалокат дар дурӣ аз хона ё ватани таърихӣ рӯй диҳад, ба наздикон зарур мешавад, ки марҳумро ба кишвару шаҳраш интиқол диҳанд, ки дар он ҷо дӯстону шиносон бо ӯ хайру маъзур карда метавонанд.

Дар бисёр кишварҳо ба хок супоридани ҷасад дар Макони Модарӣ чун анъана эътироф карда шудааст. Ин он маъноеро дорад, ки марҳумро ба Ватан интиқол додан зарур аст, ҳатто агар ӯ мунтазам дар кишвари дигар зиндагӣ мекард. Барои чунин ҳолат ҳавопаймо лозим мешавад, зеро ҷасадро муддати вақти дароз интиқол додан мумкин нест.

Бори 200

Киштии махсуси ҳавопаймоӣ дар вақте, ки беморро аз як шаҳр ба дигараш интиқол додан зарур аст ва дар дар сурати интиқоли аллакай бемор не, балки ҷасади ӯ, баробарона муҳим мешавад. Як аломати рамзие мавҷудаст, ки ба интиқоли ҳавопаймоии марҳум ба ҷои бахоксупориаш тааллуқ дорад ва намуди мазкури интиқол чун «бори 200» номида мешавад.

Интиқолдиҳӣ ба масофати хурд тавассути автомобил амалӣ карда мешавад, вале вақте, ки дар бораи интиқол ба кишвари дигар сухан биравад, ҳавопаймо зарур мешавад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати интиқол додани ҷасад ба масофати дур кӯмак мерасонад. Ин амал тариқи тарзҳои зерин имконпазираст:

  • дар ҳавопаймои махсуси боркаш,
  • дар қитъаи бағоҷи ҳавопаймои одатии мусофиркаш,
  • дар ҳавопаймои хусусии ба иҷора гирифташуда ё ҳавопаймои тиббӣ,
  • интиқоли муштарак тавассути як чанд намуди нақлиёт (ҳавопаймо + чархбол).

Агар шумо ба ҳолати ногувор дучор шуда бошед, бо AVIAV TM (Cofrance SARL) тариқи хати таъҷилӣ тамос кунед ё дар сомонаи мазкур дархостро гузоред. Шумо ба ҳамаи саволҳо посух гирифта, соҳиби мададу дастгирӣ хоҳед шуд.

Интиқоли ҳавопаймоӣ чӣ тавр амалӣ карда мешавад

  1. Дар аксарият ҳолатҳо барои ба Ватан интиқол додани ҷасади марҳум интиқоли ҳавопаймоии бори 200 зарур мешавад. Ҳуҷҷатҳоеро, ки ба мақоми гуногун пешниҳод кардан зарур, кормандони AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷамъ мекунанд.
  1. Ҳунут кардани марҳум, харидани тобути руҳин, либоси дафнӣ, лавозимотҳо тибқи диндории марҳум зарур мешаванд. Тобут, ҳатто агар дар дарунаш устадон вуҷуд дошта бошад ҳам, кафшер карда мешавад.
  1. Пас ҷасад ба фурудгоҳ интиқол дода мешавад. Агар дар бораи рейси одатӣ сухан равад, зарур мешавад, ки 6 соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳ ҳузур шавед. Дар ҳолате, ки рейси интиқолкунанда рейси мусофиркашонӣ мебошад, наздикон бо рейси мазкур низ бояд парвоз кунанд. Пас аз фурудоӣ, маҷбур мегардед, ки на кам аз ду-се соат дар терминали боркаши фурудгоҳ гирифтани тобутро интизор шаванд.
  1. Бештар ва оромтар аст, ки барои интиқол додани ҷасади марҳум ҳавопаймои хусусиро ба иҷора гиред. Ин киштии ҳавоие, ки барои интиқоли бемор аз кишвари дигар истифода карда мешавад ё ҷети тиҷоратии одатӣ бо ҷой барои тобут, шуда метавонад. Дар чунин сурат аз лаҳзаи қабул кардани ҷасад то ба парвози ҳавопаймо на зиёд аз се соат сипарӣ мегардад.
  2. Дар фурудгоҳ кулли бастаи ҳуҷҷатҳо ҷиддан санҷида мешавад. Пас аз қабул кардани ҷасад дар нуқтаи омад онро ба микроавтобус ё лимузини дафнии махсус мегузаронанд, ки то ба нуқтаи ниҳоӣ – хона ё толори дафн ҳаракат мекунад. Дар нуқтаи мазкур наздикон бо марҳум хайру маъзур карда, ӯро тибқи анъанаҳои диниаш ба хок супорида метавонанд.

 

Кадом тариқаро интихоб накунед, AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати ташкили интиқоли ҳавопаймоии ҷасад кӯмак мерасонад.

Кадом ҳуҷҷатҳо зарур мешаванд

Зимни интиқолдиҳӣ ба хориҷи кишвар зарур аст:

  • декларатсияи гумрукӣ,
  • борхати нақлиётӣ ба бори 200,
  • маълумотнома дар бораи кафшеркунӣ ва дохилнашавӣ,
  • маълумотномаи ХСЭ (СЭС),
  • маълумотнома дар бораи ҳунут,
  • иҷозатномаи консулгарӣ ё сафорат (агар талаб карда шавад) барои интиқол.

AVIAV TM (Cofrance SARL) чӣ кӯмак расонида метавонад

  1. Интиқоли ҳавопаймоии бори 200 аз Русия, ИМА, Хитой, Фаронса ё Алҷоир доимо ба мушкилиҳо дучор мешавад, ки асосан бо дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳо вобаста мебошад. Дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳуқуқшиносони таҷрибадор кор мекунанд, ки ҳамаи проседураҳои бюрократиро бар зиммаии худ мегиранд.
  1. Моён дар тамоми ҷаҳон кору фаъолият дорем ва ҷиҳати ба кишварҳои гуногун интиқол додани ҷасадҳо, барои ба хок супоридани онҳо, таҷриба дорем, ва аз ин сабаб тартиби амалҳоро хуб медонем ва ҷараёнро то ба мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ихтисор мекунем. Аз лаҳзае, ки ба шумо хабари даҳшатангезро мерасонанд, чанд соат мегузараду халос, ки ҳамаи ҳӯҷҷатҳо аллакай тайёр мешаванд ва рейс ба таври «аз оғоз ба интиҳо» ташкил карда мешавад.
  2. Дар ҷодаи ин масъала ба таври таъҷилӣ амал кардан аз ҳама муҳим аст, Ҳамчунин, талаб карда мешавад, ки шартҳои нигоҳдорӣ ва интиқол додани ҷасад риоя карда шаванд, то ки дар фурудгоҳ ба ягон мушкилӣ ва саволҳои барзиёд дучор нашавед. Хешовандони марҳум донишҳои мазкурро соҳиб нестанд ва зимни чунин лаҳзаи душвор андешидани расмиятҳоро қобилият надоранд, аз ин лиҳоз ташкили пурраи интиқолро ба коршиносони AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш додан бештар аст.
  3. Бо кӯмаки ширкати мо интиқоли ҳавопаймоии бори 200 чунин ташкил карда мешавад, ки хешовандон аз чизе ташвиш намекашанд. Ба онҳо ҷиҳати оромона ва сарбаландона ба сафари охирин гусел кардани фарди наздик имконият дода мешавад. Тавассути ҳавопаймои хусусӣ бо кулли оила, бидуни бегонагон парвоз намудан, зимни ин дар бораи марҳум сухан кардан, риояи одоби муоширатро андеша накарда, ғам хӯрдан, лаҳзаҳои муҳиму таъсиркунандаи ҳаёти марҳумро ба ёд овардан мумкин аст.

Маҷмӯи хизматрасониҳои ширкати мо

  • ҷасади марҳумро тибқи диндориаш омода мекунем,
  • либоси зарурӣ ва лавозимотҳои маросими дафнро ба даст меоварем,
  • кафшери тобути руҳинро мекунем,
  • бастаи ҳуҷҷатҳоро омода менамоем,
  • ҷасадро то ба ҳавопаймо тавассути автомобили дафнӣ интиқол медиҳем,
  • проседураҳои гумрукиро мегузарем,
  • ба кишти бор кардани тобутро назорат мекунем,
  • ҳамроҳии мутахассисонро пешкаш мекунем, ки пешвоз мегиранд, гусел мекунанд ва ҳамаашро фаҳмонда медиҳанд,
  • қуттии руҳинро аз кафш озод намуда, утилизатсия мекунем,
  • барои ҳамроҳикунандагон раводидҳою суғуртаро тартиб медиҳем,
  • дар вуҷуди зарурият барои хешовандон меҳмонхонаро брон мекунем ва таомро ташкил менамоем,
  • маросими дафн ташкил карданро кӯмак мерасонем,
  • вазифаҳои дигари ҳамроҳбуданро ҳалу фасл менамоем.

Интиқоли ҳавопаймоии ҷасадро чӣ тавр фармоиш хоҳад дод

Мо мефаҳмем, ки дар ҳолати душвор ба наздикони марҳум сухан кардану чизеро чораандешӣ намудан хеле душвор аст.

Фақат тамоси хешро дар сомона бимонед.

Ба шумо занг мезананд ва оиди ҳаракатҳои минбаъда дастур медиҳанд. Мо ҷиҳати ҳамаи нюансҳо ташвиш мекашем. Дар вуҷуди зарурият ба шумо ёрии рӯҳшинос пешкаш карда мешавад.

Нархи интиқоли ҳавопаймоӣ

Барои гирифтани посух дар бораи нархи интиқоли ҳавопаймоии бори 200, шумо ба AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат хоҳед кард. Нарх ба таври индивидуалӣ ҳисобида шуда, аз омилҳои зерин вобаста мебошад:

  • хатсайр,
  • тарзи интиқол,
  • навъи киштии ҳавопаймоӣ,
  • фармоиши хизматрасониҳои ирсолкунанда,
  • шумораи шахсони ҳамроҳикунанда,
  • ба вуҷуд омадани эҳтимолии мушкилиҳо ва ҳалу фасл намудани онҳо.

Ҳатто, зимни интиқоли ҷасади марҳум мақомоти ҳавопаймоӣ вазифадоранд, ки ҳамаи нюансҳои қонунгузориро риоя намоянд. Бинобарин, ҳолатҳои баҳснок дар лаҳзаи номуносиб ба вуҷуд омада метавонанд. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои баҳснок бештар аст, ки тамоми расмиятҳоро ва худи бори 200-ро ба коршиносон фармоиш диҳед. Нархи интиқоли ҳавопаймоӣ аз ҷониби менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) зимни муроҷиати нахустин муқаррар карда мешавад.

Чаро ба мо боварӣ кардан мумкин

  • AVIAV TM (Cofrance SARL) дар соҳаи авиатсияи тиҷоратӣ зиёда аз 10 сол кору фаъолият дорад.
  • Моён бо 745 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ намуда, ба базаи 100 ҳазор киштиҳои ҳавопаймоӣ дастрасӣ дорем.
  • Бо интиқоли ҳавопаймоии борҳои 200 муддати 10 сол машғул мебошем.
  • Ҳуқуқшиносони авиатсионӣ ва гумрукии хусусии штатӣ ҷиҳати ҳалу фасл намудани расмиятҳои зарурӣ кӯмак мерасонанд.
  • Ба рейсҳо нархи барзиёдро муқаррар намекунем – ширкат брокерӣ мебошад.
  • Хизматрасониҳои ирсолкунандаро бо нархҳои паст кардашуда пешкаш мекунем.
  • Кафолат медиҳем:

– амалкунии таъҷилӣ,

– ҳисоботи молиявӣ,

– муносибати эҳтиёткорона нисбати хешовандон,

– муносибати боэҳтиром нисбати ҷасад,

– маҳфияти ҷиддӣ.

  • Тамоми давраҳоии интиқолро бар зиммаи худ вогузор мекунем.
  • Нисбати андӯҳи бегона бофаҳм муносибат мекунем.
  • Ёрии рӯҳшиносро пешкаш мекунем.

Дар сомонаи мо дархостро гузоред ё ба AVIAV TM (Cofrance SARL) тавассути хати алоқаи таъҷилӣ муроҷиат кунед. Мо ба ҳамаи саволҳо посух медиҳем ва дар ҳолати душвор кӯмак мерасонем.